ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба финали Мусобиқаи «Hero Interсontinental Cup 2019» роҳ ёфт
Опубликовано вт, 16/07/2019 - 08:41 пользователем adminШоми дирӯз дар шаҳри Аҳмадободи Ҷумҳурии Ҳиндустон дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозии охири марҳилаи гурӯҳии Мусобиқаи байналмилалии «Hero Interсontinental Cup 2019» аз дастаи мунтахаби Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 1:0 мағлуб гашт. Ягона тӯбро дар дақиқаи 33-юми бозӣ Ри Ҷун ба дарвозаи Рустам Ятимов ворид намуд.