Хабар

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда-2026» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 июл таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюм баррасӣ гардид.

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 28.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар водиҳои мамлакат то 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Страницы