Хабар

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни
ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати
ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии
шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 28.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 август дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кормандони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат ва як гурӯҳ собиқ вакилони иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд

ДУШАНБЕ, 26.08.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шаҳбури ноҳияи Данғара корхонаи истеҳсоли равғанро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ бунёд карда шудааст. Технологияи воридшуда иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 7 тонна ашёи хомро коркард ва аз он равған истеҳсол намояд.

Страницы