Хабар

Хадамоти алоқа: «Дар Тоҷикистон барои баланд кардани суръати интернет пойгоҳҳои заминавӣ насб карда мешаванд»

Хадамоти алоқаи мамлакат бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар Паёми солона  ба Маҷлиси Олӣ  ҷиҳати беҳтаргардонии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ  ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дода буданд, шумораи маҷмӯи истгоҳҳои барқии базавӣ, яъне пойгоҳҳои базавиро дар ҷумҳурӣ зиёд м

Дар Алҷазоир ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок кард

29 январ дар доираи сафари кории ҳайати  парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ҷаласаи машваратии гурӯҳи парлумонҳои давлатҳои Осиё иштирок намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар Алҷазоир бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд

29 январ дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир ва иштирок дар кори конфронси 17-уми байналмилалии Иттиҳоди парлумонии Созмони ҳамкории исломӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Шӯрои Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Боқир Қолибоф мулоқот намуд.

Страницы