Хабар

Намояндаи Тоҷикистон дар нишасти роҳбарони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд

Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия таҳти унвони «Таҳлил ва ояндабинии фаъолияти ниҳодҳо дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ» машварат баргузор гардид, ки дар он роҳбарон ва намояндагони марказҳои зеҳниии давлатҳои аъзои ин Созмон ба таври ҳам ба таври ҳузурӣ ва ҳам дар шакли маҷозӣ иштирок намуданд.  

конфронс дар саҳни Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон

Дар 15 соли фаъолият Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» 500 ҳазор шаҳрвандро дар курсҳои кӯтоҳмуддат соҳибкасб намудааст, ки 33,6% -и онҳо тариқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус зимни баргузории конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Саҳми Муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар соҳибкасб намудани аҳолӣ» иттилоъ дода шуд.

Дзюдочиёни беш аз 40 давлат ба Тоҷикистон меоянд. 

Дзюдочиёни беш аз 40 давлати панҷ қитъаи ҷаҳон барои иштирок дар Гран-прии Душанбе-2023, ки 2-4 июн дар доираи Сайри ҷаҳонии ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор мешавад, ба Тоҷикистон меоянд. 

То имрӯз барои иштирок дар он 313 варзишгар аз 44 кишвари ҷаҳон аз панҷ қитъа сабти ном шудааст. Шумораи бештари варзишгарон аз Аврупо (143) ва Осиё (145) номнавис гардидааст.

Страницы