Хабар

Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон

Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

Аз 27 то 30 январ ба Тоҷикистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар назар аст

Шурӯъ аз 27 то 30 январи соли равон бо дарназардошти аз тарафи Қазоқистон ба шимоли Ӯзбекистон дохил шудани ҳавои арктикии сибирӣ дар ҷумҳурӣ якбора бадшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Дар ин бора дирӯз, 25 январ сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева дод.

Юсуф Раҳмон: «Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат вазифаи муҳими мақомоти прокуратура аст»

Ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгирии воридоти маҳсулоти пастсифат вазифаи муҳими мақомоти назоратӣ, аз ҷумла, прокуратура маҳсуб мешавад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Прокурори  генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон бо хабарнигорон иброз дошт.

Страницы