Дар Душанбе маросими қадрдонии бонувони ихтироъкори тоҷик доир гардид
Опубликовано сб, 17/09/2022 - 10:33 пользователем tvtТВТ.17.09.2022. 15 сентябр дар Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати дар Намоишгоҳи 15-уми байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ соҳиби медалҳои тилло ва биринҷӣ гардидани занҳои ихтироъкори тоҷик ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.