Мубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд
Опубликовано пн, 28/08/2017 - 14:50 пользователем tvt
Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Рам Натх Ковинд ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.


Муштбози умедбахшу муваффақи тоҷик Шаббос Неъматуллоев аввалин сабқати худро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки айни ҳол дар шаҳри Гамбурги Олмон идома дорад, бо пирӯзӣ пушти сар намуд. Рақиби Шаббос дар вазни 81 кило варзишгари туркман Нургалди Нурдияев буд, ки ба зури бозуи муштбози тоҷик тоб наовард.
Имрӯз аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ гардид. Қонуни мазкурро дар назди аъзои Маҷлиси м