Хабар

Дар мавзеъҳои хатарноки Тоҷикистон хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Хатари фаромадани тарма дар роҳҳои Тоҷикистон ҳамоно зиёд аст. Сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Умеда Юсупова иттилоъ дод, ки Ситоди фаврии муштарак то ҳол дар ҷойҳои хатарнок фаъолият бурда истода, тамоми техникаи зарурӣ дар он ҷо сафарбар карда шудаст.

Назорати видеоии имтиҳонҳо дар ММТ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 барои таъмини шаффофият ва бехатарии раванди имтиҳонҳо муассисаҳои таълимии дахлдори марказҳои имтиҳониро бо воситаҳои назорати видеоӣ таъмин карда, раванди имтиҳонсупории довталабонро сабт намуда аст. 

FAO дар Тоҷикистон намояндагиашро боз мекунад

fao.jpgДар Тоҷикистон намояндагии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ифтитоҳ карда мешавад. Дар ин росто Парлумони Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (Food and Agriculture Organization, FAO) оид ба таъсиси намояндагии ин ташкилотро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонд.
Изатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон зимни тавзеҳи масъалаи мазкур дар Парлумони

Страницы