Хабар

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар

Имрӯз дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Қатар дар шаҳри Давҳа мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

Шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ

Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази Бунёди Қатар ва Осорхонаи санъати исломӣ ташриф оварда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ

Дар шаҳри Давҳа дар доираи сафари расмӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Созмони сармоягузории Давлати Қатар Шайх Абдулло ибни Муҳаммад ибн Сауд Оли Сонӣ мулоқот намуданд.

Страницы