Боронгарӣ ва тармафароӣ баъзе аз муассисаҳои таълимиро ба таътили маҷбурӣ водор кард
Опубликовано сб, 04/02/2017 - 15:24 пользователем admin
Боронгариҳои шадид ва тармафароии пай дар пайи манотиқи кӯҳии кишварро ба назар гирифта, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ бо мақсади ҳифзи бехатарии кӯдакону наврасон дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои ВМКБ таътил эълон кард. Сардори Раёсати маорифи вилоят Эраҷ Ҷонмирзоев бо тасдиқи ин хабар гуфт, ки ба ҷуз аз мактабҳои шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияҳо дигар аксарияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муваққатан баста шуданд.


3 феврали соли 2017 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Канада дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш. Остона) Шон Стейл баргузор гардид.
умитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар мегӯяд, ки бар асари боришоти шадид дар қаламрави куҳии Тоҷикистон, дар қисматҳои гуногуни роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Дарвоз дар шабонарӯзи гузашта чанд ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст.