Рамазон Раҳимзода аз Коллеҷи милитсияи ВКД дар шаҳри Кӯлоб дидан кард
Опубликовано пн, 30/01/2017 - 12:25 пользователем admin
28 январи соли равон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ба шаҳри Кӯлоб сафари хизматӣ намуда, аз Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дидан кард.


Эҳтимолияти фаромадани тарма дар навоҳии ВМКБ, қаторкӯҳҳои Ҳисор, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Ҷиргатол, Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим то имрӯз боқӣ монда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар қатъиян хоҳиш мекунад, ки аз сафар намудан ба ин мавзеъҳо муваққатан худдорӣ намоянд.
«Дастаи мунтахаби футзали ҷавонони мамлакат бозиҳои санҷишии худро дар шаҳри Тошканд бо дастаи мунтахаби ҷавонони ин кишвар идома медиҳад. Тавре сомонаи ФФТ хабар дод, футзалбозони мо дар бозии аввали санҷишӣ натиҷаи мусовии 6:6-ро комёб гардида, дар бозии дуюми санҷишӣ бо ҳисоби 5:3 мағлуб шуданд. Се голро дар ин вохӯрӣ Шавкат Ҳалимов, намояндаи тими «ДИСИ Инвест» ба самар расонд.