Хабар

Эмомалӣ Раҳмон Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд

Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ассамблеяи XVI генералии ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки имрӯз, 26 январ дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Лотус»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб шуданд.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ аз соли таҳсили 2017-2018 таҳсили дуҷониба ба роҳ монда мешавад

Имрӯз, 26 январ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» нишасти матбуотии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Андешаҳои ҷавондухтарони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон оид ба Паёми Пешвои миллат

Бо пешниҳод гардидани Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки ҳуҷҷати барномавии стратегӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии миллатамон мебошад, инчунин эълон гардидани Соли 2017- соли ҷавонон, ҷавондухтарони гуногункасби шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Ёвон оид ба нуктаҳои муҳими Паём андешаҳои хешро иброз намуданд.

Страницы