Хабар

Деваштич: Паёми Пешвои миллат илҳомбахши ҷавонони ояндасоз!

Дар ноҳияи Деваштич вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва соли 2017 эълон шудани соли ҷавонон ҳамоиш доир гардид.
Рустам Ҷӯразода, Раиси ноҳияи Деваштич баён дошт, ки ҷавонон аз иқдомҳои пайвастаи Сарвари мамлакат ифтихор доранд. Онҳо илму дониши ҷаҳони муосирро аз худ намуда, кӯшиш менамоянд, ки ояндасози кишвару ватани худ гарданд.

Рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти ҷомеа мусоидат мекунад

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи Комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Комиссия, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид.

Вакили мардумӣ дар ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод нуктаҳои асосии Паёмро шарҳ дод

Дар маркази ҷамоати деҳоти Қалъаи дашти ноҳияи Файзобод бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода ва гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати баррасии нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ҷамоат вохӯрӣ баргузор гардид. 

Страницы