Хабар

Бозӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон 21 январ барпо мегардад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори дигар дар мусобиқаи байналмилалӣ барои хотира ва ҷоизаи аввалин ноиби президенти ФИФА Валентин Гранаткин аз силсилаи зарбаҳои пеналтии баъдибозӣ аз дастаи мунтахаби Литва бо натиҷаи 4:5 мағлуб шуд. Ин бозиҳо барои ба даст овардани мақоми аз 13 то 16 ба ҳисоб мерафтанд. Дар бозии гузашта низ футболбозони мо бо ҳамин услуб аз дастаи мунтахаби Беларус бо ҳисоби 7:6 дучори мағлубият шуда буданд.

Тоҷикистон дар ойинаи таърих ва дурнамои муносибатҳои он бо Миср

6 январи соли 2017 дар Маркази пажӯҳишҳои сиёсӣ ва расонаии Ҳивор дар Қоҳира дар мавзӯи Тоҷикистон дар ойинаи таърих ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Миср симпозиум баргузор гардид, ки дар он донишмандон, пажӯҳишгарон, фарҳангиён ва рӯзноманигорони мисрӣ иштирок карданд. Дар ин бора аз Сафорати Точикистон дар Миср хабар доданд.

Соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд барзиёд иҷро гардид

Дар соли 2016 нақшаи ҷамъоварии андозҳо дар вилояти Суғд 101,8 фоиз иҷро гардид. Дар ин бора дирӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Страницы