Хабар

ДУШАНБЕ БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕЁБАД. Дар мавсими тирамоҳу баҳор дар пойтахт қариб дусад ҳазор бех ниҳол шинонида мешавад

ТВТ.08.08.2022. Дар мавсими  тирамоҳи соли равон ва баҳори соли оянда дар ҳудуди пойтахт 193 ҳазору 499 бех ниҳол, аз ҷумла 54 ҳазору 868 бех дарахти сояафкан, 61 ҳазору 947 бех дарахти ороишӣ, 13 ҳазору 61 бех дарахти буттагӣ ва 63 ҳазору 623 бех дарахти мевадиҳанда шинонида мешаванд.

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонон дар Булғористон ширкат меварзанд

ТВТ.06.08.2022. Аз 15 то 21 август дар шаҳри Софияи Булғористон Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштин миёни ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Дар он се нафар гӯштингирон аз Тоҷикистон иштирок мекунанд. Дар ин бора ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

«АКСИ САДОИ ОСИЁ». Мастона Собирзода дар Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирк иштирок мекунад

ТВТ.06.08.2022. Аз 10 то 14 август дар Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивали XIII байналмилалии ҳунарҳои сирки «Акси садои Осиё» («ЭХО Азии») баргузор мегардад, ки дар он аз Тоҷикистон ҳунарманд Мастона Собирзода  ва Директори Сирки тоҷик Бахтиёр Раҳматуллозода иштирок мекунанд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» муовини аввали Директори Сирки давлатии Тоҷикистон

Страницы