Хабар

КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад

ТВТ.06.08.2022. Аз аз 5 то 8 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии Тоҷикистон, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷаласаи Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ дар Ҳиндустон баргузор мегардад

ТВТ.06.08.2022. Ҷаласаи махсуси Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ моҳи октябри соли 2022 дар Мумбай баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора нашрияи The Hindu бо истинод ба Кумитаи иҷроия иттилоъ додааст.

Тоҷикистон ва Португалия бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ эъломияи муштарак ба имзо расониданд

ТВТ.06.08.2022. 5-уми августи соли равон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Португалия Жоао Гомеш Кравино бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар эъломияи муштарак ба имзо расониданд.

Страницы