Хабар

Ифтитоҳи осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт ба фаъолияти осоишгоҳ расман оғоз бахшиданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, биноҳои осоишгоҳи мазкур бо маблағи 3,5 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд гардида, дар онҳо барои истироҳат ва барқарор кардани саломатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фарзандони онҳо шароити мусоиди хизматрасонӣ фароҳам оварда шудааст.

Шиносоии Сарвари давлат бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо намоиши дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Рашт шинос шуданд.

Тавре маълум гардид, хоҷагидорон дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ дастовардҳои назаррасро соҳиб гашта, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми фаъол мегузоранд.

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рашт

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳи як қатор иншоотҳои ҷашнии 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Рашт ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи ноҳияи Рашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро бо шукргузорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкорона бо шукуҳу самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.

Страницы