Хабар

Ифтитоҳи Варзишгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо буридани лентаи рамзӣ Варзишгоҳи “Карон-Арена”-ро барои 400 ҷойи нишаст расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сохтмони варзишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои Фонди “Муаллими кӯҳистон” бо харҷи 900 ҳазор сомонӣ дар масоҳати 300 метри мураббаъ, бунёд карда шуд.

Гузоштани санги асос ба сохтмони мактаб бо 450 ҷойи нишаст дар ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз

Баъди анҷоми маросими истиқболи гарму самимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ҷамоати деҳоти Сағирдашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2 бо 450 ҷойи нишаст дар як баст оғоз бахшиданд.

Лоиҳаи сохтмони муассиса аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Абрис” омода гардида, фармоишгар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқии ноҳияи Дарвоз

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи ноҳияи Дарвоз бодид ба амал оварданд.

Дар намоишгоҳ намунаи ҳунарҳои дастиро, ки расму ойини аҷдодии мардуми кӯҳистонро таҷассум мекард, ба маъраз гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари волои занҳои кадбону, ки бо пухтани нонҳои лазиз машғул буданд, аҳсан гуфтанд.

Страницы