50 нафар занони хонашин аз оилаҳои камбизоат дар ноҳияи Вахш бо кори доимӣ таъмин гардиданд
Опубликовано пт, 16/09/2016 - 10:36 пользователем tvtКумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи корхонаи дӯзандагиро дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон баргузор намуд. Лентаи рамзӣ аз ҷониби раиси Ҷамъияти дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин, раиси Кумита Қосимзода Идигул Тағо ва сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин Юе Бин бурида шуда, корхона расман ба фаъолият оғоз намуд.