Хабар

Конфронси «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ: Меъёрҳои ҷадиди ҳамкорӣ»

Дар шаҳри Брюссел дар доираи давраи раисии Словакия дар Шӯрои Иттиҳоди Аврупо таҳти унвони «Иттиҳоди Аврупо — Осиёи Марказӣ: Меъёрҳои ҷадиди ҳамкорӣ»’ конфронс баргузор гардид.

Таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Фаронса

Дар Қасри зиёфатҳои шоҳонаи Париж (Pavillon Royal) 16 сентябр 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта шуд. Таҷлили ҷашни миллӣ бо иштироки намояндаҳои расмӣ аз вазорату идораҳои Фаронса, парлумони Фаронса, сафирону намояндагони дипломатии муқими Париж, доираҳои илмиву фарҳангӣ ва соҳибкорони маҳалливу хориҷӣ, инчунин ҷамъияти тоҷикон дар Фаронса бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар Қароргоҳи ҳукуматии Ала-Арчаи Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Страницы