Хабар

Иштирок дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилояти Хатлон

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа дар намоиши театрикунонидашудаи аҳли фарҳанги вилоят ба муносибати истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар варзишгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа

Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам намояндагони мардуми бонангу номуси вилояти Хатлон!

Биступанҷ сол пеш миллати куҳанбунёди тоҷик ба неъмати бузурги сарнавиштсоз, яъне истиқлолияти давлатӣ мушарраф гардид, ки имрӯзҳо мо ин падидаи бебаҳоро дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати сазовор таҷлил намуда истодаем.

Страницы