Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд

8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти нахустин мактаби байналмиллалии типи нав – «Мактаби Оксфорд» оғози расмӣ бахшиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 34-уми шаҳри Хуҷанд бинои 7-ошёнаи маъмурии Прокуратураи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии Прокуратураи вилояти Суғд соли 2018 оғоз гардида, бо сифати баланд ва риояи талаботи шаҳрсозию меъморӣ анҷом дода шудаанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 28- уми шаҳри Хуҷанд бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Пулотов»-ро мавриди истифода қарор доданд.  

Страницы