Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз боғи дарахтони хурмо, анор ва ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии «Наврӯз»- и ноҳияи Ҷаббор Расулов дидан намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз боғи дарахтони хурмо ва анор дар хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” дидан намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии “Наврӯз” cоли 2016 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 8 гектар, аз ҷумла 5 гектар боғи хурмо ва 2 гектар анор дорад. Самти асосии фаъолияти хоҷагӣ боғдорӣ буда, дар он 12 нафар саҳмдор кор мекунад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ дар роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшиданд

8 октябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов нахуст ба корҳои бунёду навсозии роҳи мошингарди Деҳмой-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом оғози расмӣ бахшиданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори ҶДММ «Органик Ян»-ро дар ноҳияи Спитамен ифтитоҳ намуданд

8 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти патдори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Органик Ян” -ро ифтитоҳ намуданд.

Страницы