Хабар

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Шаҳраки Дарбанди ноҳияи Нуробод ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ оғози расмӣ бахшиданд

20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Нуробод, дар Шаҳраки Дарбанд ба фаъолияти марҳилаи якуми Боғи фарҳангӣ — фароғатии ноҳия оғози расмӣ бахшиданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Нурободро мавриди истифода қарор доданд

Дар ноҳияи Нуробод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Нурободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

20 сентябр дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ифтитоҳи якчанд иншоот ва шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ноҳияи Нуробод ташриф оварданд.

Нахуст дар ноҳияи Нуробод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи парандапарварии «Мурғи Нуробод»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Страницы