Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқот намуданд
Опубликовано пн, 20/09/2021 - 16:17 пользователем adminАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар толори Қасри фарҳанг бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор мулоқоти самимӣ доир карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиён ва мардуми заҳматдӯсти ноҳияро бо ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон табрику таҳният намуданд.