Хабар

Бо тағйир додани матни суруди Russian Woman Манижа маҳбуби «Евровидение» гардид

Пас аз тамрини нахустин рӯйхати нафарони маҳбуби озмун муваққатан ва ногаҳон тағйир ёфт. 8 май сароянда Манижа нахустин тамринашро дар Роттердам дар саҳнаи «Евровидение-2021» доир кард. Дар сайти расмии ин шоу видео нашр шуд ва ним миллион кас онро тамошо намуд.

Раиси вилояти Хатлон ва муовини Сарвазири Тоҷикистон ба дидани деҳаҳое, ки бар асари ярч дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ осеб дидаанд, рафтанд

Мутобиқи иттилои фаврӣ, бар асари бориши шадид дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки боиси фаромадани ярч шуд, 15 хона комилан хароб, қариб 100 гектар замини корам ва 2 гектар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ зарар диданд. Пули шоҳроҳи Абдураҳмони Ҷомӣ — Ёвон низ аз офати табиӣ осеб дидааст.

Страницы