Хабар

Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод

Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст.

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар ноҳияи Мастчоҳ ҳамоиш баргузор гардид

14 май  бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила  дар тарабхонаи «Бӯстон»-и маркази ноҳияи Мастчоҳ – шаҳраки Бӯстон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур Раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода, оилаҳои намунавӣ аз тамоми шаҳраку деҳоти ноҳия ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Ориё-Медикал»-ро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор доданд

15 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ориё-Медикал»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Страницы