Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифро мавриди истифода қарор доданд
Опубликовано ср, 11/09/2024 - 10:34 пользователем tvtДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Сангвор бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Тибқи лоиҳа бинои шуъбаи маориф аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, дар доираи омодагӣ ба истиқболи сазовор аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат бо харҷи 5 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.