Хабар

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт дар Корхонаи ресандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Саноати Ашт” бо 100 нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мулоқоти самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Туҳфаҳои Пешвои миллат аз сару либос, лавозимоти хониш ва маблағҳои пулӣ иборат аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 08.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ашт ташриф оварда, дар деҳоти Ошоба бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Рахшона”, ки парвариши моҳиро дар ҳавзҳои суперинтенсивӣ ба роҳ мондааст, шинос шуданд.

Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати ҷашни Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 07.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 33-солагии Соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Страницы