Хабар

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ

01.10.2020, ноҳияи Рӯдакӣ

Муҳтарам намояндагони мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Рӯдакӣ!

Пеш аз ҳама, ба кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки шумо, ки бо заҳмати созанда ва меҳмоннавозии худ шуҳрат доред, барои саҳми басо арзандаатон дар ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон, бахусус, дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар арзи сипос менамоям.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 50 нафар ятими кулл дар ноҳияи Рӯдакӣ туҳфа тақдим намуданд

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази хизматрасонии «Саманд» бо 50 нафар ятими кулли ноҳияи Рӯдакӣ мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳои моддию пулӣ тақдим намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гулгашт ва муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомониро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ гулгашти Исмоили Сомониро мавриди истифода қарор доданд.

Сарвари давлат дар ҳамин ҷо аз болои муҷассамаи аввалин бунёдгузори давлати тоҷикон — Шоҳ Исмоили Сомонӣ парда бардоштанд.

Страницы