Хабар

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Маркази савдою хизматрасонии «Давлати Зафар»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор доданд

Дар идомаи боздиди корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчунин марҳилаи аввали Маркази савдою хизматрасонии “Давлати Зафар”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Ин маҷмааи муҳташам аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Кабиров дар масоҳати 5,3 гектар бунёд шуда, дорои садҳо дукону мағозаҳои фурӯш, ошхона, сехи дӯзандагӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Офтобак» дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон

. 1 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар деҳаи Элоки шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳия Муассисаи таҳсилоти томактабии “Офтобак”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корҳои сохтмонӣ дар кӯдакистон соли 2017 оғоз гардида, дар давраи сохтмон қариб 200 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин буданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гармхонаи замонавии Хоҷагии деҳқонии «Отаҷон»-ро дар ноҳияи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуданд

1 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии “Отаҷон”-ро, ки сохтмони он соли 2017 оғоз гардида, имсол ба анҷом расонида шуд, ба истифода супурданд.

Гармхона аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Илҳом Отаҷонов дар масоҳати 0,40 гектар бунёд гардида, дар он 20 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин карда шудааст.

Страницы