Ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис муайян гардиданд
Опубликовано вт, 29/08/2017 - 11:21 пользователем tvt
Дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Бино ба иттилои сардовари мусобиқаи мазкур Абдурасул Муҳиддинов, дар мусобиқа наврасон аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Россия, Украина, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Туркия иштирок намуданд.


Муштбози умедбахшу муваффақи тоҷик Шаббос Неъматуллоев аввалин сабқати худро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс, ки айни ҳол дар шаҳри Гамбурги Олмон идома дорад, бо пирӯзӣ пушти сар намуд. Рақиби Шаббос дар вазни 81 кило варзишгари туркман Нургалди Нурдияев буд, ки ба зури бозуи муштбози тоҷик тоб наовард.