«Телевизиони Сафина»: «Барои таҳияи филмҳои бисёрсериягӣ пайдо намудани сенарияи пурмазмуну пурмуҳтаво мушкил аст»

Нишасти матбуотии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»   доир ба натиҷаҳои фаъолият дар шашмоҳаи аввали соли 2018 бо суолу ҷавоби роҳбарияти ин муассиса бо намояндагони ВАО оғоз гардид.

Муовини аввали директори «Телевизиони Сафина» Каримҷон Азизов зимни посух ба суолҳои хабарнигорон, аз ҷумла, зикр кард, ки дар давраи ҳисоботӣ «Телевизиони Сафина» 15  барномаи нав, аз ҷумла, «Ёди рӯзгори ширин», «Хони Тоҷикистон», «Интихоб ё тасодуф», «Сайри Тоҷикистон», «Мантиқ», «Топ-5», «Инфографика», «Ҷаҳонзеб», «Комёб», «Соя», «Чашмаҳо», «Як саҳифаи таърих», «Орзуи ман» ва ғайраҳо  таҳия  намуда,  амалишавии  ду  лоиҳа – «Шоирона» ва «Беҳтарин -2018»-ро идома дод.

К.Азизов ҳамчунин иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ Идораи таҳияи филмҳо ва дубляж 28 филми бадеиро тарҷума ва дубляж карда, пешниҳоди бинандагон гардонид.

«Телевизиони Сафина» тасмим гирифтааст, ки ба таҳияи филмҳои телевизионии бисёрсериягӣ шурӯъ намояд. Бо ин мақсад Шӯрои бадеӣ  чандин сенарияҳоро мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дод. Мутаассифона, то ҳанӯз ба Шӯрои мазкур сенарияи  арзанда барои таҳияи филми бисёрсериягӣ пешниҳод нагардидааст. Дар таҳияи филмҳои бисёрсериягӣ  «Телевизиони Сафина» ягон мушкилоти молӣ надорад. Мушкил дар пайдо намудани сенарияи пурмазмуну пурмуҳтаво аст», —  афзуд К.Азизов.

АМИТ «Ховар»