Эмомалӣ Раҳмон: «Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад»

«Шарикии Тоҷикистону Қирғизистон минбаъд низ бемайлон ба манфиати кишварҳоямон ва ҳамаи минтақа рушд мекунад», — изҳор доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз мулоқоту музокирот бо Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мулоқоти имрӯза дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Сооронбой Шарипович Жэнбеков ба  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯҳияи созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

«Мо дар заминаи принсипҳои фундаменталии ҳамҷавории нек ва ҳамсонии манфиатҳо тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намудем.

Қобили зикр аст, ки сафари муҳтарам Сооронбой Шарипович ба  25-умин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни кишварҳоямон сурат мегирад. Тайи ин давра муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон тамоюли мусбати рушдро дар ҳама самтҳои калидии ҳамкорӣ соҳиб шуданд», — изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

АМИТ "Ховар"