«IRS» дар мавсими нав ба таъмири роҳҳо шурўъ намуд

Дар замони соҳибистиқлолии кишварамон бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бобати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо бахшидани мамлакат иқдомоти зиёд амалӣ шуданд. Таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе-Чаноқ аз ин ҷумла буда, бо шарофати пурра бозсозӣ шудани ин роҳ хатарҳое, ки пештар ронандагону мусофирон ва воситаҳои нақлиёт бо онҳо дучор мешуданд, бартараф гардида, тамоми сол рафту омади аҳолӣ тавассути ин роҳи мошингард таъмин гардид.
Аз оғози фаъолият инҷониб, аз тарафи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» рисолати ба зиммадошта дар робита ба нигоҳдории роҳи Душанбе Чаноқ мунтазам, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ мешавад.
Сарфи назар аз фаъолияти пурмаҳсули филиали ширкат, бинобар аз ҷониби баъзе ронандагон риоя нагардидани талаботи мавҷуда, ки ба ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазн рабт дорад ва офатҳои табиие, ки соли равон рух дода, бесобиқа унвон мешаванд, баъзе қитъаҳои роҳи Душанбе-Чаноқ вайрон шудаанд. Ширкат, ки барои давраи муайян нигоҳдории роҳро ба зимма дорад, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани онро самти афзалиятноки фаъолият интихоб намуда, дар ин ҷода мунтазам тадбирандешӣ менамояд. Бо фаро расидани мавсими гармӣ, дар масири роҳ таъмири роҳ шурӯъ гардид.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар навбати аввал тарқиш ва ҷуқуриҳои бавуҷудомада бартараф шуда, минбаъд қитъаҳои нисбатан зиёд осебдида таъмири куллӣ хоҳанд шуд. Барои сари вақт ва тибқи талаботи мавҷуда амалӣ намудани ин раванд филиали Ширкат тамоми имкониятҳо, амсоли таъмини коргоҳ бо мутахассисони болаёқат, техникаву механизмҳои замонавӣ, корхонаҳои истеҳсоли асфалт ва масолеҳи сохтмониро доро мебошад.
Масъулини Маркази матбуоти «IRS» таъкид намуданд, ки барои анҷоми таъмиру таҷдиди роҳ ҳама фаслҳои сол созгор нестанд. Хоса амалӣ намудани корҳои сохтмонии ба бахши роҳдорӣ рабтдошта дар марҳилаи боришот самарабахш нест ва дар чунин ҳолат сифати корҳои амалишуда ба талабот ҷавобгӯ нахоҳад буд. Бинобар ин, ҳамасола чунин иқдомот бо фаро расидани фасли гармо шурӯъ гардида, дар ин замина қитъаҳои таъмирталаби роҳ бо сарфи ҳазорҳо тонна асфалт ва дигар масолеҳи зарурӣ таъмиру таҷдид мегарданд.
«Бо назардошти ин ҳолат аз ронандагону мусофирон эҳтиромона хоҳиш мешавад, ки дар рӯзҳои ҷараён доштани таъмир дар масири роҳ бо кормандони филиали Ширкат дар асоси ҳамдигарфаҳмии комил ва ҳусни тафоҳум муносибат намуда, ба меҳнати роҳсозон арҷ гузоранд»,- афзуд манбаъ.

АМИТ "Ховар"