Мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ

22 марти соли 2018 дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори телевизиони СММ мусоҳиба анҷом доданд.

Мавриди зикр аст, ки ташкилоти бонуфузи сайёра Созмони Милали Мутттаҳид сомонаи интернетӣ ва шабакаи махсуси телевизионии худро дорад, ки дар онҳо аз фаъолияти рузмарраи СММ ва ниҳодҳои он, инчунин ҷараён ва натиҷаҳои кори ҷаласаҳои корӣ маводҳо пахш менамояд.

Зимни мусоoҳиба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳадафҳои асосии эълони ташаббуси навбатии Тоҷикистон вобаста ба ҳалли мушкилоти марбут ба об, аз ҷумла қабули Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, натиҷаҳои бобарору муваффақи ташаббусҳои қаблии кишвари мо, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», андашеронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ва ҳалли мушкилоти вобаста ба об ва санитарӣ равон гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таҷрибаи қаблӣ исбот кард, ки танҳо дар ҳамдастӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои мардуми сайёра зиндагии шоистаро таъмин намояд.

Дар ҷараёни суҳбат хабарнигорони телевизиони СММ ҳамчунин оид ба талошҳову ташаббусҳои Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷомеаи башарӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият, инчунин сиёсати дарҳои бози роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.