Хабар

ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.9205 то 10.9600 сомонӣ муқаррар карда шудааст Июль 25, 2023 08:05

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 10.9205 сомонӣ;

1 евро – 12.1021 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1205 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.9205 то 10.9600 сомонӣ;

1 евро аз 12.1021 то  12.4000 сомонӣ;

26 июл дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, МД «Телевизиони Сафина» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

26 июл дар  Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва  Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг соати 08:00 дар Вазорати фарҳанг гузаронида мешавад.

Дар боғи Умари Хайёми шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Файзобод доир шуд.

Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Умари Хайёми пойтахт  намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Файзобод доир шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар ин ҷо аҳли ҳунар ва заҳматкашони ноҳия барои сокинону меҳмонони пойтахт намоиши бошукуҳ баргузор намуда, хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр маҳсулоти тару тозаи кишоварзиро бо нархи арзон пешниҳоди харидорон намуданд.

 

Страницы