БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Парчами давлатӣ бо сутунпояи 54 метр бунёд карда мешавад
Опубликовано вт, 25/07/2023 - 14:24 пользователем tvtДар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони 1,2 гектар Парчами давлатӣ бунёд мегардад, ки баландии сутунпояи он 54 метр хоҳад буд. Дар майдон гулгашту фаввораҳо ва нишастгоҳу суҳбаткадаҳо сохта шуда, барои сокинон ва меҳмонони ноҳия шароити хуби истироҳат фароҳам оварда мешавад.