МАН ТУРО ДӮСТ МЕДОРАМ, ДУШАНБЕ!
Опубликовано пн, 24/07/2023 - 17:13 пользователем tvtШомгоҳон дар боғҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе сайру гашти оммавии сокинону меҳмонони пойтахт ба назар мерасад. Хурду калон дар ин ҷо сайру гашт намуда, аз табиати зебо ва дилфиреби Душанбе лаззат мебаранд.
Махсусан тамошои бозию шодии кӯдакон диққати касро ба худ ҷалб намуда, ин маконро боз ҳам бошукўҳтар мегардонад.