Дар ноҳияи Сангвор аз ҷониби кормандони «Амонатбонк» тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ амалӣ мегарданд
Опубликовано чт, 20/07/2023 - 18:21 пользователем tvtДар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор оид ба сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар самти истифодаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва хизматрасонии фосилавӣ машварат гузаронида шуд.
Дар машварат доираи васеи сохторҳои давлатӣ, фаъолони ҷамоати шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони ташкилоти буҷетӣ ва ғайрибуҷетии шаҳр иштирок доштанд.