Мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» иштирок менамояд
Опубликовано чт, 29/06/2023 - 14:31 пользователем tvtТаҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аввалин Мусобиқаи «CAFA Futsal Cup-2023» байни дастаҳои миллии футзал баргузор мешавад.
Бозиҳо аз 23 то 30 июл дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Барои дарёфти унвони пурқувваттарин мунтахаби минтақа, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон мубориза мебаранд.