Хабар

Имрӯз маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 баргузор мегардад

6 апрели соли равон, соати 10:00 дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов маросими ифтитоҳи расмии Бозиҳои варзишии Тоҷикистон – 2018 баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Тоҷикистон тайи 3 рӯз боридани борон дар назар аст

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, шурӯъ аз 7 то 10  апрел дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Боридани борон ва дар баландиҳои 2500 м боридани барф дар назар аст. Рӯзҳои 8 ва 9 апрел  ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад.

Дастури Пешвои миллат оид ба аёдати Бозор Собир дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка

Бозор Собир - шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Страницы