Хабар

Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея аз Тоҷикистон боздид намуд

Ҳайати Хадамоти хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Корея бо роҳбарии профессор Сон ЁХван  чанде қабл бо сафари корӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуд. Мақсади сафар асосноккунии техникии омӯзишии макони лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи хоҷагии ҷангал,  инчунин баррасӣ намудани ҳамкории минбаъда бо Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли равон дар вилояти Суғд майдони кишти картошка беш аз 5,5 ҳазор гектар зиёд гардид

Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои вилояти Суғд чун дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои кишти саҳроӣ, аз ҷумла, кишти зироати баҳорӣ босуръат ҷараён доранд.

Чуноне аз Сарраёсати идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд,  соли равон кишоварзони вилояти Суғд азм гирифтаанд, ки майдони кишти картошкаро 5615 гектар зиёд намуда, ба ин восита дар фаровон гардонидани бозори дохилии кишоварзӣ ва арзон намудани нархи аслии маҳсулот  саҳми назаррас гузоранд.

Рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо лаҳзаҳои фароғати сокинону меҳмонони пойтахт рангинтар мегардад

Аз  7 апрел то 4 ноябри соли равон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе  дар боғҳои  фарҳангиву фароғатии пойтахт барномаи рангини фарҳангӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор мегарданд.

Страницы