Хабар

Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои номусоиди боронӣ ва ба амал омадани раъду барқ хабар медиҳад

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок гашта, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

Имрӯз, 3 апрел дар вилояти Суғд ҳаво абрноки боронӣ шуда, ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 17-22 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10-15 ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе

Рӯзи 2 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аз рафти корҳои сохтмонӣ дар гулгашти қисми ғарбии хиёбони Рӯдакӣ шинос шуданд.

Страницы