Хабар

Наврасони Академияи ФФТ дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек ду пирӯзӣ ба даст оварданд

Тими наврасони  Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (U15) таҳти роҳбарии сармураббиён Рустам Қурбонов ва Далер Қайсов дар  Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми раиси шаҳри Бишкек оид ба футбол ду вохӯриро бо пирӯзӣ анҷом доданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ноҳияи Дарвоз маъракаи даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро анҷом дод

Ҷавонони синни даъватӣ аз ноҳияи Дарвоз ҳамасола дар рӯзи аввали маъракаи даъвати баҳорӣ довталабона дар назди комиссариати ҳарбии ноҳия ҷамъ омада, омодагии худро барои хизмат  дар сафи неруҳои низомии ҷумҳурӣ изҳор медоранд. Муовини сардори Комиссариати ҳарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шоҳзода Шоҳқосимов гуфт, ки «имсол ба 23 нафар  ҷавонони ин ноҳия даъватнома фиристода шуд ва ҳамаи онҳо бидуни таъхир барои ташхиси тиббӣ  дар назди табибон ҳозир шуданд.

Агентии обуҳавошиносӣ аз ҳавои офтобии Тоҷикистон ва 33 дараҷа гармӣ хабар медиҳад

 Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, ҳарорат дар баъзе минтақаҳо ба 33 дараҷа мерасад.

Имрӯз, 4 апрел дар вилояти Суғд ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 метр ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 м дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11-16 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Страницы