Хабар

Оғози сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Муъминобод

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим, бо сафари корӣ ба ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Муъминобод оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса ва эҳтироми самимӣ нисбат ба Пешвои миллат истиқбол гирифтанд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз эҳтимоли селфароӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ огоҳ мекунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ месозад, ки аз 30 сентябр то 2 октябри соли 2016 якбора ҳарорати ҳаво паст гардида, боришот дар назар аст.
Сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Умеда Юсупова гуфт, ки ҳаво шабона 15- 17 ва рӯзона 22 дараҷа гарм мешавад.
Дар ин рӯзҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо селфароӣ дар назар аст.

Страницы