Хабар

Дар Душанбе Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад

 Аз 7 то 9 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир мегардад.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комиловро, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Мулоқоти Пешвои миллат бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

Имрӯз дар Қасри Миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили марбут ба иҷрои қарорҳои қаблии дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ қабулшуда, омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои созмон ва авзои кунунии кишаварҳои доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Страницы