Хабар

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Сангвор

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як зумра иншооти муҳим бо сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт ташриф оварданд.

Сафари кории Сарвари давлат аз ноҳияи Сангвор оғоз ёфт. Сокинони ноҳия Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо шукуҳи хоса, эҳтироми самимӣ нисбат ба пешвову раҳнамои хеш ва бо тантанаи идона истиқбол гирифтанд.

27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии туризм: Такмили қонунгузорӣ- омили рушди сайёҳӣ

Дар  арафаи Рӯзи ҷаҳонии туризм, ки ҳамасола 27 сентябр дар тамоми ҷаҳон  ҷашн гирифта мешавад, 24 сентябр бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади татбиқи босамари «Барномаи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2015-2017» дар меҳмонхонаи «Лотос»-и шаҳри Душанбе дар мавзўи «Такмили қонунгузорӣ омили рушди сайёҳӣ»  семинари ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад.

Терроризми байналмилалии муосир ва экстремизми динӣ ба амнияти тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад

Имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо ҳаракати ҷамъиятии «Дӯстони Русия» дар мавзӯи «Таҳдиду хатарҳои нав аз тарафи ДИИШ барои кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар он коршиносони мустақил, намояндагони гурӯҳҳои ҷамъиятӣ, кормандони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ ширкат варзиданд.

Страницы