Дар Душанбе муқаррароти қонунҳои ФР ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират муҳокима гардид
Опубликовано чт, 22/09/2016 - 10:18 пользователем tvtМасъалаҳои ташкил намудани марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ, тарзи гирифтани сертификат, дастрасӣ ба ташхиси тиббӣ, омўзиши забонҳо ва баргузории вохўрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар вохӯрии Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари гурӯҳи Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид рушди байналмилалӣ (USAID) Мэри Тайлер Холмс муҳокима гардиданд.